««ТОҶИКОН»–ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии озмун оғоз ёфт

Февраль 14, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки озмун аввал дар факултетҳо гузаронида шуд, ки дар он 1423 нафар иштирок карда, 158 довталаби арзанда бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони факултетҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Ғолибони ин давр ба даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд.

Иштирокдорони даври умумидонишгоҳии озмун бо тартиби донишҷӯён, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм (ба истиснои омӯзгорони фанни таърих) гурӯҳбандӣ карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Ғолибони озмун аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номинатсия соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор  сомонӣ гардида, Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Моҳи феврали соли равон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон  оғоз гардид.

Озмуни мазкур дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 14, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид