«Тоҷиксуғурта» соли гузашта дар ҳаҷми зиёда аз 5,8 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд

Февраль 3, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соли 2022 ба шахсони хуқуқию воқеие, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст, дар ҳаҷми 5 миллиону 878 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд. Дар ин хусус директори корхона Шуҳрат Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки дар соли сипаригардида «Тоҷиксуғурта» бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмӯъ 565 ҳазору 922 адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонид.

Тазаккур дода шуд, ки аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 40 миллиону 838 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи солона 125,3% таъмин карда шуд.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда ба маблағи 37 миллиону 446 ҳазор сомонӣ, яъне 91,7% маблағи умумии воридгардида ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд. Ин гувоҳи боло рафтани маърифати суғуртакунонии мардуми мамлакат мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд