ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел то 17 феврал боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави мамлакат ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷмъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор низ маслиҳат нест, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита.
Ба иттилои манбаъ, 13 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳодисаи лағзиши тарма дида шуд. Бар асари он қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе муваққатан баста шуданд.
Ҳамзамон тахминан соати 14:28-и вақти маҳаллӣ бориши зиёд дар километрҳои 21 ва 32-и роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Хоруғ-Ишкошим, ки аз Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Зокирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, сабаби лағзиши тарма шуданд.
Ғайр аз ин дар километри 27-уми роҳи мазкур, дар наздикии деҳаи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов низ тарма омад. Барои бартараф кардани пайомадҳои ин офат техникаҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд.
Худи ҳамон рӯз, соати 18:14 ба вақти маҳаллӣ дар километри 7-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави Ниводаки шаҳри Хоруғ мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ набуда, тарма харобии дигар ҳам наовардааст.
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳар лаҳза омодаи кумак ба ронандагону мусофирон мебошанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, бар асари барфу борони зиёд ва болоравии ҳарорати ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17 феврал хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад. Эҳтимоли яхбандӣ дар ағбаҳо ва туман дар водиҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагоне, ки бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо сафар карданианд, ҳушдор медиҳад, ки қабл аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо маълумот гиранд ва дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






