ЮНЕСКО дар бораи маҳдуд будани дастрасии қариб сеяки мактабҳои ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ хабар медиҳад

Февраль 13, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба ғизои мактабӣ ва саломатии мактаббачагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, дар ҳоле ки тақрибан сеяки муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Гузориши марбут ба «Омодаи таҳсил ва рушд мебошем- саломатӣ ва ғизо дар мактабҳои саросари дунё» 8 феврал нашр шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

“Ҳамин тавр, 584 миллион кӯдак ба хизматрасониҳои одии оби ошомиданӣ дар мактабҳо дастрасии маҳдуд доранд ё тамоман надоранд; 2 нафар аз 5 тан чунин кӯдакон дар кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара зиндагӣ мекунанд. Ва дар ҳоле ки тақрибан дар ҳама кишварҳои ҷаҳон хӯроки мактабӣ таъмин мешавад, тахмин карда мешавад, ки 73 миллион кӯдакони осебпазир то ҳол аз ин барномаҳои маҳаллии ғизодиҳии мактабӣ баҳра намебаранд,», изҳор доштанд дар ЮНЕСКО.

Дар ин созмони байналмилалӣ таъкид кардаанд, ки таъмини ғизо ва назорати саломатии мактаббачаҳо кӯдаконро бештар ба таҳсил ва мондан дар муассисаи таълимӣ ташвиқ мекунад. Танҳо аз ҳисоби ғизодиҳӣ 8 фоиз зиёд кардани давомоти таҳсил мумкин аст. Бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи давлатҳои аъзо ба барномаҳои солимии мактаб ва ғизо сармоягузорӣ мекунанд, ин сармоягузориҳо «дар минтақаҳо нобаробаранд ва аксар вақт дар муқоиса бо эҳтиёҷот кофӣ нестанд», изҳор доштанд дар ЮНЕСКО.

“Хонандагон дар мактабҳои бехатар ва солим беҳтар таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз муассисаҳои таълимӣ барои таъмини саломатӣ ва некӯаҳволӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ва беҳдошт имкон надоранд. ЮНЕСКО ва шарикони он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки кишварҳоро барои сармоягузории онҳо дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мактабҳо дастгирӣ кунанд, зеро кӯдакон сазовори муҳите ҳастанд, ки дар он тавоноии пурраи худро ба даст оварда тавонанд», — изҳор дошт директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 13, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд