Зиёда аз 400 нафар ҷавонон аз қисми низомии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Турсунзода дидан намуданд
ШАҲРИНАВ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки зиёда аз 400 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Ҳамоиши мазкур ба хотири баланд гардонидани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати Модар-Ватан, шиносоии ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони қисми низомӣ ба роҳ монда шуд.
Зимни он зиёда аз 400 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ аз ошхонаву ҷои хоб ва майдони машқи сарбозон дидан намуданд. Ҳамзамон онҳо бо техникаҳои муосири ҷангӣ, яроқу аслиҳаҳои мавҷудаи қисми низомӣ шинос шуданд.
Муовини якуми командири қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон хуб ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии раисони шаҳру навоҳии мамлакат ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои низомии дар шаҳру ноҳияҳобуда сафар намуда, аз шароити зиндагии сарбозон бохабар мегарданд ва мактаби далерию шуҷоату мардонагиро аз наздик мебинанд.
Ҷавонони ноҳияи Шаҳринав бо як ҷаҳон таассуроти хуб аз ин қисми низомӣ дидан намуданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки қисми зиёди онҳо дар оянда ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида, дар ин мактаби мардонагӣ обутоб меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






