«ҶАҲОНИ МУОСИР, ЧОЛИШҲО ВА УМЕДҲО». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ дар Боку иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар Форуми 10-уми байналмилалии «Ҷаҳони муосир, чолишҳо ва умедҳо», ки 9-11 март дар Боку бо ибтикори Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Форум таҳти сарпарастии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев доир гардида, дар он ҳайатҳои бонуфуз ва баландпояи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои муътабари байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар маҷмуъ 360 намоянда аз 61 мамлакат иштирок намуд.
Дар форум омилҳое, ки ба низоми ҷаҳони муосир таҳдид мекунанд, масъалаҳои марбут ба амният ва дурнамои таъмини сулҳ, барқарории субот дар ҷаҳони пароканда, таъсири он ба ҷаҳон, роҳҳои таъмини ҳалли мушкилоте, ки башарият бо он рӯ ба рӯ гардидааст, аз қабили низоъҳо, таҳдидҳои бузурге, ки ҷаҳонро такон медиҳанд, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, амнияти ҳастаӣ, ифротгароӣ, муҳоҷират, озуқаворӣ ва фақр баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






