ҶАҲОНИШАВИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Доир ба саҳми Пешвои миллат дар пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Март 30, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 29 март дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар иқдоми ҷаҳонишавии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иштирокдорон иброз доштанд, ки  ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, саривақтиву муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳарчи зиёдтар талошу кӯшишҳои худро ба ҳалли  мушкилоти марбут ба об равона созад.

Воқеан, қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи ибтикорот ва пешниҳодоти Тоҷикистон ва бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», 21 декабри соли 2016 қабул намудани Қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об муҳим мебошанд.


Гуфта шуд, ки имрӯз захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, тавлиди неруи сабз ва пойдории табиат таъсир мегузоранд.

Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Ҷумҳурии мо зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Март 30, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд