Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод дидан намуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон имрӯз дар шаҳри Ҳайдаробод байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳиндустон баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мулоқоти намояндагони донишгоҳҳо дар доираи Конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор, ки 2-4 март дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мегардад, доир гардид.
Дар идомаи гуфтушунид ҷонибҳо вобаста ба масоили табодули академӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ҳавасмандии хешро доир ба саҳмгузорӣ дар рушди устувори сайёҳӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт иброз доштанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






