Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳайати Австрияро ҳамраиси Комиссия, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг роҳбарӣ намуданд. Дар нишасти мазкур намояндагони расмии мақомоти давлатии дуҷониб ва доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон ҳузур доштанд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва рақамикунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






