Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикори рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки ҷиҳати иҷрои ишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 вазорат корҳои назаррасро дар робита ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва амалӣ намудани «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040» бо таваҷҷуҳ ба шуғли ҷавонон ва навоварӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, ҷалби занон ба меҳнати арзанда, диверсификатсияи раванди муҳоҷират ва коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ амалӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур фароҳам овардани имконият барои назорати ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имконият барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад.
Дар ҷараёни ҷаласа рӯнамоҳо оид ба самтҳои фаъолияти вазорат ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






