АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озмуни «Суруди алла» доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Модар ва баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорию омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Алла-ифшогари орзуҳои модар» озмуни «Суруди алла» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни озмун аз иҷрои шартҳои он, ки аз либоспушонии тифл, гаҳвора кардани кӯдак, сароидани суруди алла ва пешниҳоди як ҳунари кадбонугӣ иборат буд, ба хубӣ баромада, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Озмуни «Суруди алла» бо фарогирии занону духтарони бахшҳои фарҳанг, китобхона, осорхона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои санъат ва мусиқӣ, ансамблҳои оилавӣ ва ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ду давр доир карда мешавад.
Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 28 феврал гузаронида шуд. Даври дуюми озмун 6 март дар маркази вилоят- шаҳри Бохтар баргузор карда мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






