«ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ: ВАЗИФАҲО ВА ДУРНАМО». Таҳти чунин унвон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Русия ҷаласа доир шуд

Март 3, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин намояндагони ассотсиатсияву субъектҳои хизматрасонии ҳар ду ҷониб таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ: вазифаҳо ва дурнамо» ҷаласаи панелӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фазои якхела фароҳам овардааст ва дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардонии зиёд низ муқаррар шудааст.

Инчунин суъбектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ тариқи рӯнамо ба ҳамтоёни худ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла сайёҳии табобатию солимгардонӣ, экологию кӯҳнавардӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш бо осори таърихию фарҳангӣ ва омилҳои рушди муосири Тоҷикистон, аз ҷумла зарфияти сайёҳӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд.


Дар идомаи ҳамоиш бо мақсади таҳкими робитаҳо ва табодули таҷриба миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, аз ҷумла «Интурмаркет» ва «МИТТ» ширкат варзида, гўшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводи таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Федератсияи Русия дар қатори давлатҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба 17 апрели соли 2019 Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад