ҶАМОЛУ ЗИННАТИ ДУНЁӢ, ЭЙ ЗАН! Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангии мутантан доир карда шуд

Март 8, 2023 18:01

ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»— таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар барномаи мазкур фаъолзанон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, занони муваффақ дар соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон, варзишгарбонувон ва  шоирону нависандагон аз ҳисоби занони мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни ҳамоиш иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нисбат ба занон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат аҳамияти махсус зоҳир карда шуда, дар тамоми самтҳои мухталифи соҳаҳои гуногуни ҷамъият фаъолияти занон баръало ба мушоҳида мерасад.

Гуфта шуд, ки фаъолияти занону духтарони мамлакат дар сохторҳову идораҳои давлатӣ, низомӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва  ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар барнома ҳунармандони шинохтаи мамлакат, ансамблҳои рақсӣ ва ровиёни хушсадо дар васфи Зан – Модар, бузургии ин олиҳаи муҳаббат ва рисолати модарон барномаи рангине ба намоиш гузоштанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2023 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст