«Амонатбонк» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аксияи тарғиботӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аксияи тарғиботӣ баргузор гардид. Дар доираи он бо мизоҷони бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷараёни аксия ба шаҳрвандон оид ба фаъолияти Маркази тамоси «Амонатбонк» маълумот пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки барои дарёфти маълумот оид ба хизматрасонии бонкӣ, дучор гардидан бо мушкилӣ, пайдо шудани савол ё дархосту пешниҳод онҳо метавонанд бемамониат ба рақами кӯтоҳи «1885» дар тамос шаванд.
Аз ҷониби мутахассисони «Амонатбонк» ба шаҳрвандон оид ба хизматрасонии бонкӣ, бахусус маҳсулоти қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», низомҳои интиқол, кортҳо ва дигар намуди хизматрасонии бонкӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд






