«Амонатбонк» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аксияи тарғиботӣ доир намуд

Март 15, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аксияи тарғиботӣ баргузор гардид. Дар доираи он бо мизоҷони бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷараёни аксия ба шаҳрвандон оид ба фаъолияти Маркази тамоси «Амонатбонк» маълумот пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки барои дарёфти маълумот оид ба хизматрасонии бонкӣ, дучор гардидан бо мушкилӣ, пайдо шудани савол ё дархосту пешниҳод онҳо метавонанд бемамониат ба рақами кӯтоҳи «1885» дар тамос шаванд.

Аз ҷониби мутахассисони «Амонатбонк»  ба шаҳрвандон оид ба хизматрасонии бонкӣ, бахусус маҳсулоти қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», низомҳои интиқол, кортҳо ва дигар намуди хизматрасонии бонкӣ варақаҳои  иттилоотӣ тақсим карда шуд.

       АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»

Март 15, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6460 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.8534 то 9.9000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1263 то 0.1235 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
«Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони Бадахшон беш аз 130 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4976 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта дар ҷаласаи Шурои комплаенс баррасӣ гардиданд