«Амонатбонк» ва «CITI BANK» дар сатҳи амалиёти бонкӣ ҳамкории мутақобилан суманд ба роҳ мемонанд

Март 31, 2023 13:19

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик  «Амонатбонк» бо «CITI BANK»-и Британия Кабир ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда, онро густариш медиҳад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Раиси  Раёсати  Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии «CITI BANK» Азиз Рахман дар дафтари марказии «CITI BANK»  дар Лондон баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон дурнамои ҳамкориро байни «Амонатбонк» ва «CITI BANK» баррасӣ намуданд. Ҷониби «CITI BANK» изҳор дошт, ки ояндаи наздик омода аст ҳамкорияшро бо «Амонатбонк» дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.

Тибқи хабари манбаъ, масоили муҳиме, ки дар ҷараёни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин омодагӣ ҷиҳати ба роҳ мондани  ҳамкорӣ дар сатҳи  амалиёти бонкӣ буд.

Роҳбарияти  «Амонатбонк» иброз дошт, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ дар чанд соли охир имкон медиҳанд, ки Бонк дар дилхоҳ самт ҳамкорияшро бо бонкҳои бонуфуз ва ташкилоти молиявии байналмилалӣ ба роҳ монад.

      АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Март 31, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд