«Аё модар! Замину осмони ман ту ҳастӣ». Дар Норак таҳти ин унвон ҷамъомади фарҳангӣ баргузор гардид

Март 4, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Аё модар! Замину осмони ман ту ҳастӣ» — таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Модар дар Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак ҷамъомади фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Дар ҷамъомад нотиқон  оид ба нақши муҳиму арзишманди  модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан- Модар меҳр ва таваҷҷуҳи хосса дошта, иброз  менамоянд, ки «имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Иштирокдорон тазаккур доданд, ки дар ҳақиқат  маҳз модар дар қалби фарзанд тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва накӯкорӣ мекорад, то дар оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.

Барномаи рангин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони гимназия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС :Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Норак

Март 4, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст