Ба ифтихори 111-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Гулистон мулоқот доир карда шуд
СУҒД, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон.
Бояд гуфт, ки 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик буда, ҳамасола дар саросари мамлакат аҳли қаламу сухан ин рӯзро ботантана истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, доир ба нақши матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи ҷамъияти имрӯза ва дастовардҳои матбуоти тоҷик сухан гуфтанд.
Ҳамзамон ба иштирокдорон доир ба нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






