Ба ифтихори 111-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Гулистон мулоқот доир карда шуд

Март 9, 2023 15:34

СУҒД, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар»  Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон.

Бояд гуфт, ки 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик буда, ҳамасола дар саросари мамлакат аҳли қаламу сухан ин рӯзро ботантана истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта  шудааст.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, доир ба нақши матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи ҷамъияти имрӯза ва дастовардҳои матбуоти тоҷик сухан гуфтанд.

Ҳамзамон ба иштирокдорон доир ба нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

Март 9, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид