БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР. Дар Шаҳринав ба дидани занони собиқадори меҳнат рафтанд

Март 1, 2023 20:33

ШАҲРИНАВ, 01.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти ноҳияи Шаҳринав ба хонадони  занони собиқадори  Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов — Мусаллам Фахриддинова, Саида Холмирзоева ва Иқболой Элмуродова рафта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки собиқадорони меҳнат ва занони  фаъол солиёни зиёд баҳри пешрафти ноҳия ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон хизмати шоиста намудаанд. Мояи ифтихор аст, ки занону модарон дар сиёсати давлатдории мо пайваста мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Занони собиқадор аз қадрдонии роҳбарияти  ноҳия шод гардида, шукронаи тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ намуданд ва дар ҳаққи Пешвои миллат ва рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дуои нек карданд.

Дар назар аст, ки бахшида ба Рӯзи Модар масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба дидорбинии  занони собиқадори меҳнати дигар ҷамоати шаҳраку деҳот рафта, аз аҳволу зиндагиашон пурсон шаванд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Март 1, 2023 20:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд