БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР. Дар Шаҳринав ба дидани занони собиқадори меҳнат рафтанд
ШАҲРИНАВ, 01.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти ноҳияи Шаҳринав ба хонадони занони собиқадори Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов — Мусаллам Фахриддинова, Саида Холмирзоева ва Иқболой Элмуродова рафта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки собиқадорони меҳнат ва занони фаъол солиёни зиёд баҳри пешрафти ноҳия ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон хизмати шоиста намудаанд. Мояи ифтихор аст, ки занону модарон дар сиёсати давлатдории мо пайваста мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Занони собиқадор аз қадрдонии роҳбарияти ноҳия шод гардида, шукронаи тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ намуданд ва дар ҳаққи Пешвои миллат ва рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуои нек карданд.
Дар назар аст, ки бахшида ба Рӯзи Модар масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба дидорбинии занони собиқадори меҳнати дигар ҷамоати шаҳраку деҳот рафта, аз аҳволу зиндагиашон пурсон шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






