Ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракии шаҳри Кӯлоб Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
КӮЛОБ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 март дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ вохӯрии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бо сокинони гуногункасб баргузор шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Иброз гардид, ки мақсад аз вохӯрӣ, пеш аз ҳама, расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва амалӣ гаштани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз ҳаёту фаъолият ва рӯзгори сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамчунин дар мулоқот оид ба самтҳои муҳими Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои созанда наздик мерасонанд. Дар ин замина ҳар ҷавони ватандӯсти ҷумҳуриро мебояд дар пайравӣ ба амалҳои созандаи Президенти Тоҷикистон барои ҳимояи халқу давлти хеш камари ҳиммат банданд.
Дар ҷамъомад роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба самтҳои муҳими Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Кӯлоб








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид






