Ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракии шаҳри Кӯлоб Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Март 28, 2023 15:58

КӮЛОБ, 28.03.2023 /АМИТ  «Ховар»/. 27 март дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ вохӯрии роҳбарияти  шаҳри Кӯлоб  бо сокинони гуногункасб баргузор шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Иброз гардид, ки мақсад аз вохӯрӣ, пеш аз ҳама, расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва амалӣ гаштани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз ҳаёту фаъолият ва рӯзгори сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамчунин дар мулоқот оид ба самтҳои муҳими Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки  танҳо  саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои созанда наздик мерасонанд. Дар ин замина ҳар ҷавони ватандӯсти ҷумҳуриро мебояд дар пайравӣ ба амалҳои созандаи Президенти Тоҷикистон барои ҳимояи халқу давлти хеш камари ҳиммат банданд.

Дар ҷамъомад роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба самтҳои муҳими Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот доданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Кӯлоб

Март 28, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад