Бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Турсунзода бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бунгоҳи саломатии «Оққурғон» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар расми ифтитоҳи иншооти нави тиббӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки сохтмони бинои саломатӣ аз ҷониби аҳолии деҳаи Обида Нуъмонова бо дастгирии соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар муддати 6 моҳ ба анҷом расонида шуд.
Дар бинои нави бунгоҳи саломатии «Оққурғон» барои фаъолияти табибони маҳаллӣ шароит ва имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Қаблан ин бунгоҳи саломатӣ дар шароити нохуб, дар як хонаи бетаъмири шаҳрванди деҳа фаъолият мекард. Бо ба истифода додани бинои нав, ки аз се ҳуҷра иборат аст, барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба аҳолии деҳот имконияти мувофиқ муҳайё гардид.
Ҳамчунин дар ҷамоати мазкур сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 300 кӯдак оғоз гардид.

Сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар пайи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда, аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» амалӣ карда мешавад.
Дар рӯзҳои мусоиди фасли баҳор ҳамчунин дар Ҷамоти деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Турсунзода













Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






