БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Дар Бӯстон собиқадорони меҳнатро бо ид табрик намуданд
Суғд, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояти Суғд фаъолзанон ва собиқадорони меҳнатро табрик намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон хабар доданд.
6 март дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба хонадони занони баруманди шаҳри Бустон Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова омаданд.
Зимни суҳбат аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону модарон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони баруманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар дар мамлакат аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону занони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлатамон саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






