Бар асари фаромадани ярч дар қисмати марказии Эквадор 16 нафар ба ҳалокат расид

Март 28, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи фаромадани ярчи азим, ки шаби якшанбе дар шаҳри Алауси вилояти Чимборасо дар қисмати марказии Эквадор рух дод, на кам аз 16 нафар ҳалок ва 16 нафари дигар  захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе Котиботи миллии идоракунии хавфҳо иттилоъ додааст.

Мувофиқи иттилои котибот, то ҳол 7 нафар бедарак ҳисобида шуда, хонаҳои зиёд хароб гаштаанд, 65 фоизи шоҳроҳи асосӣ ҳаракатнопазир шуда, 25 дарсади чароғҳои кӯчаҳо аз кор мондааст.

Тибқи фармони президенти Эквадор, Котиботи миллии идоракунии хавфҳо талошҳои кумакрасониро бо Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Вазорати тандурустии мамлакат, инчунин полис ва хадамоти оташнишонии маҳаллӣ ҳамоҳанг мекунад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: «Синхуа»

Март 28, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад