Беш аз 850 ҳазор кӯдак бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия хонаҳои худро тарк кард

Март 7, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо сипарӣ шудани як моҳ аз ду заминларза дар ҷануби Туркия ва Сурия беш аз 850 000 кӯдак бе манзили доимӣ монд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба Маркази иттилоотии СММ хабар додааст.

Дар Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ иброз медоранд, ки пайомадҳои заминларза барои кӯдакон ва хонаводаҳо дар минтақа фоҷиабор гардид. Ҳазорон нафар дар ҳолати ногувор қарор доранд. Бисёре аз оилаҳо дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд.

Танҳо дар минтақаҳои зарардидаи Туркия беш аз 1,9 млн нафарро дар паноҳгоҳҳои гуногун ҷой кардаанд, ки дар онҳо шароити дурусти санитарӣ, дастрасӣ ба об ва ёрии тиббӣ мавҷуд нест. 2,5 млн кӯдак дар мамлакат ба кумаки фаврии башардӯстона эҳтиёҷ дорад.

«Тамоми ин 4 ҳафта оилаҳое, ки маҷбур буданд аз сабаби заминларза хонаҳои худро тарк кунанд кӯшиш намуданд, то ки зинда монанд. Онҳо дар воқеъ аз шиддати тарс карахт гаштаанд, чун дар назар доранд, ки ларзиш дубора такрор меёбад»,-гуфт роҳбари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ Афшон Хон.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминларза дар Сурия зиёда аз 500 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд. Бештари хонаҳо хароб гардидаанд. Ҳамзамон оилаҳо бо кӯдакон, ки хонаҳояшон пойдор мондаанд.  аз баргаштан ба хонаҳояшон метарсанд, чун ҳанӯз ҳам ларзишҳо идома доранд. Дар тамоми Сурия бар асари заминларза беш аз 3,7 млн нафар кӯдак зарар дидаааст.

6 феврал дар Қаҳрамонмараш, ки маркази зилзила буд, ду заминларза бо шиддати беш аз 7 балл рух дод. Ларзишҳои зеризаминӣ, ки дар худ садҳо пасларзаҳо доштанд, дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шуданд.

Шумораи ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия аз 46 ҳазор нафар гузашт.

  Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: ЮНИСЕФ / Араф Ватадф

Март 7, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд