БОРИ НАХУСТ ДАР ҚАЛАМРАВИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Душанбе даври байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023»-ро мизбонӣ менамояд

Март 3, 2023 10:05

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар байни давлатҳои  Осиёи Марказӣ аз 18 сентябр то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» даври (тренинги) байналмилалии омӯзишӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Даври байналмилалии омӯзишӣ бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH), Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) гузаронида мешавад.

Даври омӯзишӣ тавассути маърузаҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулияти амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони байнисоҳавӣ ва гуногунфарҳанг муҳити мусоид фароҳам меорад, то муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар ҷараёни даври омӯзишӣ бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ дар байни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.

Баргузории  даври омӯзишӣ саводнокии илмӣ ва иқтидори иштирокдоронро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад  падидаҳоеро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонад, фаҳманд ва устуворона идора намоянд.

Даври омӯзишӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он 16 нафар аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, 4 нафар аз дигар давлатҳо интихоб шуда, иштирок менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид.

Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар давраҳои кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии худро мукаммал гардонанд.

Дар ин замина Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»  дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) бори нахуст дар ҷумҳурӣ чунин даври  байналмилалии омӯзишӣ ташкил менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 3, 2023 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ