Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

Март 13, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии иттилоотӣ оид ба саҳми ЮНЕСКО дар баргузории Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло оид ба конфронси оби СММ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, тадбирҳои тадорукотии Конфронси оби СММ бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ва ҳамзамон аҳамияти конфронс барои ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Мавсуф аз иштирокдорон даъват намуд, ки дар конфронс фаъолона иштирок карда, дар амалисозии натиҷаҳои он саҳми бештар гузоранд.

Дар вохӯрӣ беш аз 200 намояндаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои хориҷӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд