БУЗУРГОНИ ҶАҲОН ПАРВАРДАИ ДОМОНИ МОДАРАНД. Эҳдо ба Рӯзи Модар

Март 8, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи эълон намудани 8 март Рӯзи Модар фармон ба имзо расониданд.

Инак, соли 13-ум аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рўзи пуршукўҳ тасмим гирифтем гуфтаҳои чанде аз чеҳраҳои саршиноси мамлакатро, ки дар васфи Модар — ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар баён гардидаанд, пешниҳоди хонандагон гардонем.

Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров

— Меҳрубониҳои модари азизамро наметавонам, ки дар як суҳбати кӯтоҳ пурра баён созам. Ҳамаи онҳо дар дилам чун дар бойгонӣ қабат-қабат ҷо гирифта, маро ҳамеша зинда нигоҳ медоранд.

Фақат ин қадар мегӯям, ки агар меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дуоҳои нек ва дилбардориҳои модари арҷмандам чун нурҳои нарми хуршед доиман ба сарам намерехтанд, асари «Тоҷикон»-ро рӯи нашр овардан басе душвор буд.

Ӯ ҳамеша аз тақдири китоби «Тоҷикон» мепурсид ва гоҳи хайрухуш дуоям медод. Ҳама дастовардҳоямро дар зиндагӣ аз натиҷаи заҳматҳои сангини модари хушназару оқилаам медонам.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

— Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Сабабгори таҳсил кардани ман низ Модарам буданд. Вақте волидон ҳастанд, ба қадрашон расед. Ман ҳамеша насиҳат мекунам, ки ба волидон, Модар хизмат кунеду дуояшонро гиред. Иззату эҳтиромашонро ба ҷо биоред, зеро ҳар фарде, ки дуои неки волидайнро гирифта бошад, ҳаҷҷаш қабул аст- инро ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҳолат фаромӯш накунед!.

“Ман вақт надорам, ман серкорам”- ин гуфтаҳо сабабу баҳона шуда наметавонанд. Фарде, ки модару падарашро дӯст медорад, соаташро меёбад, дидорбинӣ мекунаду ғамхорӣ ва дастгирияшон менамояд. Мо, ҳамагон аз домони поки Модар ба дунё омадем. Модарам вақте гап мезаданд, фикр мекардӣ ки академик бошад. Сухане, ки Модар ба фарзанд мегӯяд, ин суханҳоро дигар касе гуфта наметавонад. Агар ба сад ҳам дароию модарат бошад, ту барои ӯ ҳамон кӯдак ҳастӣ. Дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамдаму маслиҳатгар Модарам буданд. Суханҳое, ки ман аз Модарам шунидам, аз касе нашунидаам. Тамоми зиндагию рӯзгору оиладорӣ- ҳама ба сари Зан- Модар аст. Ҳамду сано ба зан, ба Модар, ки бузургони олам ўро сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт номидаанд!

Қаҳрамони Тоҷикистон, Устод Садриддин Айнӣ

— Баракати хона ва муваффақияти корҳоям аз сарфаю сариштакорӣ ва дуои Модарам Зеварой буд, ки доимо вопасин суханҳояшро ба ёд меорам. «Ба ҳазор дароӣ писарам».

Модарам зани оқилаву накукор ва дурандеш буд, ки тарбияи фарзанд барояш муҳим дониста мешуд. Тамоми бузургони олам нахуст дар дабистони аввалин — домони модар сабақ гирифтаву дар натиҷаи тарбияи шоистаи ў ба камоли маънавӣ расидаанд.

Нақши модар дар тарбияи фарзанд аз ҳама бештару пештар аст.

Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум

— Модарам дар баробари зани нексиришт буданаш аз хату савод низ бархурдор буда, дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ ва хату саводомӯзии занони дигари деҳа нақши назаррас дошт. Эҳсоси адолатпарварӣ, озодихоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, ҷасоратро маҳз аз Модари донишманду пешоҳангам- Шарифамоҳ омӯхтам.

Модарам зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст ва ҳатто бедилшинос буд. Маҳз ҳамин хислатҳо барои саводи ибтидоӣ гирифтан ва баркамол шудани ман замина гузошт.

Таълиму тарбияи шахс аз “алла”-гўиҳои модар дар сари гавҳораи фарзанд оғоз мешавад. Ҳама бузургони олам бо шарофати модар ба ин мартаба расидаанд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд