«ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Чароғи маърифат» бо иштироки занони фаъол ва собиқадори меҳнати ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷамъомади идона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок доштанд.
Иштирокдорон нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бузург арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи зиндагӣ ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро менамояд.
Зимни он таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом расонида мешаванд.
Дар айни замон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ- 71, фарҳанг- 47, бонкдорӣ- 39, алоқа- 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло дар рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






