«ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор шуд

Март 6, 2023 18:07

ДУШАНБЕ, 06.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Чароғи маърифат» бо иштироки  занони фаъол ва собиқадори меҳнати ҷумҳурӣ  барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомади идона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок доштанд.

Иштирокдорон нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон  бузург арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи  зиндагӣ  ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба  пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро менамояд.

Зимни он таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом расонида мешаванд.

Дар айни замон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ- 71, фарҳанг- 47, бонкдорӣ- 39, алоқа- 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло дар рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2018  2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2023 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб