COVID-19. Тақрибан 15,5 миллион кӯдак дар ШМА аз санҷиши мусбати коронавирус гузаштанд

Март 1, 2023 15:04

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши охирини академияи педиатрияи Америка (AПА) ва Ассотсиатсияи беморхонаҳои кӯдакона, дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз оғози хуруҷи эпидемия дар маҷмуъ тақрибан 15,5 миллион кӯдак барои навъи нави коронавирус (COVID-19) санҷиши мусбат супориданд. Дар ин  хусус АМИТ«Ховар»  бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст.

Тибқи гузориш, дар байни онҳо дар 4 ҳафтаи охир беш аз 121 ҳазор ҳолат ва дар як ҳафтаи охир, ки  23 феврал ба анҷом расид, тақрибан 28 ҳазор ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Давоми 5 моҳи охир шумораи ҳодисаҳои дар байни кӯдакон дар ШМА ба қайд гирифта ба ҳисоби миёна тақрибан 32 000 дар як ҳафта аст, ки нисбатан муътадил аст. Аммо, тибқи гузориш, ин рақам метавонад камтар арзёбӣ  гардад.

Зарурати фаврии ҷамъоварии маълумоти бештар дар гурӯҳи синну соли мувофиқ барои арзёбии шиддати бемории марбут ба штаммҳои нави вирус ва инчунин оқибатҳои эҳтимолии дарозмуддат вуҷуд дорад.

Тавре ки дар Академияи педиатрияи Америка изҳор доштанд, бояд эътироф кард, ки пандемия ба саломатии кӯдакон таъсири бевосита  мерасонад,  аммо муҳимтар аз ҳама, таъсири дарозмуддати он ба некӯаҳволии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии ин насли кӯдакон ва ҷавонон бояд муайян ва бартараф карда шавад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид