Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки амалишавии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, нақлиёт ва тандурустӣ пешниҳод гардид.
Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Дар анҷом иштирокдорони ҷаласа вобаста ба амалишавии масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






