Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази шаҳри Турсунзода Маркази кардиологии «Садои дил» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар ифтитоҳи иншооти мазкур роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки марказ аз ҷониби табиби қалбшинос, номзади илмҳои тиб Абдусаттор Қурбонов бунёд гаштаааст. Иншшот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ташхису табобати бемориҳои қалб, бемориҳои чашм ва табобати физиотерапевтӣ пешбинӣ шудааст. Дар марказ минбаъд 4 нафар табиб, 10 ҳамшира ва се коргари техникӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он барои ташхиси дурусти бемориҳои дил ва чашм заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.


Ҳамчунин дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Регар бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин муассисаи тандурустӣ аз 4 ҳуҷраи корӣ иборат буда, 5 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуд.
Хонаи саломатии мазкур аз тарафи Ташкилоти хайриявии «Тавҳид» бунёд гардида, ба 2096 нафар аҳолии деҳот хизмати тиббӣ мерасонад.
Ҳамзамон ба фаъолони деҳот аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода









АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд






