Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон 46 фоизи шумораи умумии кормандони «Амонатбонк» аз ҳисоби занону духтарон мебошад

Март 7, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Маҳз дар солҳои истиқлоли  давлатӣ, махсусан бо  дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳои  Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми  занону духтарон  дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, хусусан бонкдории мамлакат баланд гардид. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» беш аз 1350 нафар  занону духтарон фаъолият дошта, 46 фоизи шумораи умумии кормандони бонкро ташкил медиҳанд. Доир ба саҳми бонувон дар рушди соҳаи бонкдории мамлакат дар арафаи Рӯзи Модар  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директори Департаменти қарздиҳии Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Шаҳноз Исмоилова суҳбат анҷом дод, ки пешниҳоди хонандагон менамоем.

АМИТ «Ховар»: Шаҳноз Шавкатовна, саҳми занону духтарони  мамлакатро дар рушди низоми бонкдории ҷумҳурӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Шаҳноз Исмоилова: Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан, ки  неруи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф шудааст, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷойгоҳи баланд бархӯрдор аст.  Иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат  оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа,  аз қабили  ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, идрорпулиҳои президентӣ, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор, ба шуғл фаро гирифтани занони хонанишин, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар  дастгириҳо  меваҳои шаҳднок ба бор оварда, натиҷаҳои судманд дода истодаанд. Таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат   ба  занону духтарони тоҷик  неруи тозаву созанда бахшид. Имрӯз  занони   соҳибмаълумоту соҳибфарҳанги  мамлакат дар радифи иҷрои рисолати модарӣ феълан дар тамоми соҳаҳои  ҳаёти ҷомеа сарбаландона фаъолияти босамар доранд. Имрӯз зани тоҷик вакилу вазир, муаллиму муҳандис, варзишгару ихтироъкор мебошад. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  занону духтарон дониш, маҳорат,  касбият ва фарҳанги волои аҷдодиро ҳамроҳ бо   ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба пешрафти  соҳаи бонкдорӣ равона месозанд ва ба мардум самимонаву содиқона хизмат мерасонанд.

АМИТ «Ховар»: Лутфан бигӯед, ки аз ҷониби роҳбарияти «Амонатбонк»  барои  баланд бардоштани савияи донишу малакаи бонувон кадом корҳо амалӣ карда мешавад?

Шаҳноз Исмоилова: Роҳбарияти «Амонатбонк»  ба баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон, аз ҷумла занону духтарон  таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Дар бонк  тамоми шароит барои донишомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос муҳайё гардида,  пайваста машғулият баргузор мегардад. Ғайр аз ин,  дар бонк курсҳои омӯзишии ихтисосӣ ва забонҳои русию  англисӣ ташкил карда шудаанд,  ки ба  омода гардидани мутахассисони  ба талаботи замони муосир замина мегузоранд. Бояд тазаккур дод, ки бонувони соҳибкасбу болаёқат тавассути озмун  ба кор қабул мегарданд, аммо  давоми фаъолият барои донишомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо тамоми шароит муҳайёст. Мо пайваста донишу малакаи худро дар соҳаи бонкдорӣ сайқал медиҳем, зеро мунтазам баргузор намудани озмунҳову аттестатсияҳо ба баланд бардоштани касбияти мо мусоидат  менамояд.


АМИТ «Ховар»: Фаъолият дар низоми бонкдорӣ аз зан-модар кадом хислату  фазилатро тақозо менамояд?  

Шаҳноз Исмоилова: Зан-модар дар кадом соҳае, ки фаъолият накунад, бояд дар асоси арзишҳои миллӣ ва панду андарзҳои бузургонамон тарбия ёфта бошад. Заноне,  ки дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият доранд,  бояд дасти поку дили пок дошта бошад, боодобу бомаърифат, меҳрубону ғамхор, бомасъулият, меҳнатдӯст, ростқавл, хушмуомила, ширинсухан, бофарҳанг, боиффат ва  дорои ахлоқи ҳамида бошанд. Ҳамчунин онҳо бояд дорои фазилатҳои наҷибонаи инсонии ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ бошанд, то фарзандонашро дуруст тарбия намояд. Рафтору гуфтору пиндори неки зан-модар  намуна барои фарзандон ва атрофиён аст.

АМИТ «Ховар»: Барои зан- кадбонуи хонадон фаъолият дар низоми бонкдорӣ мушкил нест? 

Шаҳноз Исмоилова: Мо, занони давлати соҳибистиқлол фараҳманд аз онем, ки дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоии Ватани азизамон зиндагӣ мекунем. Ба мо барои дилхоҳ касбро интихоб кардан ягон монеа нест, зеро тамоми шароит муҳайё гардидааст.  Дар низоми  бонкдорӣ фаъолият намудан, бешубҳа, дониши кофӣ, касбият, малакаи кории баланд талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, пайваста баланд намудани савияи дониш ва такмили ихтисос тақозои замон мебошад. Барои корманди бонк будан ба талаботи замон ҷавобгӯ будан зарур аст.

Агар касби интихобкардаи зан бонкдорӣ бошад, ӯ бо масъулият ва касбияти баланд вазифаашро иҷро мекунад ва барои муваффақ шудан ба касбаш бо ҳисси баланди миллӣ муносибат менамояд. Чунин муносибати занону духтарони бонк ба фаъолияти корӣ  ҷавоб ба таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки иҷрои вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои бонкиро дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ба мо бовар намудаанд. Мо, занони  «Амонатбонк»   кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар пешрафти соҳаи бонкдорӣ саҳми босазо гузошта, ба Тоҷикистони азизамон содиқона хизмат намоем.

АМИТ «Ховар»: Занону духтаронро дар зиндагӣ на танҳо олиҳаи ҳусну зебоӣ, балки оқилу чашмикордон ва сарфаю сариштакор эътироф намудаанд. Саҳми занони тоҷикро дар риояи яке аз қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» чӣ гуна  арзёбӣ менамоед?

Шаҳноз Исмоилова: Дар таърихи навини тоҷикон ду қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ибтикори Пешвои миллат пешниҳод шуда, пас аз муҳокимаи васеи мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, қабул гардиданд, бо ҳарфҳои заррин нақш бастаанд, зеро онҳо ба хушбахтию хонаободии мардум ва ояндаи дурахшони насли ҷавон заминаи ҳуқуқӣ гузоштаанд.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» мардум солҳои дароз барои баргузории ҷашну маросим хароҷоти беҳуда мекарданд. Аз ҳад зиёд серхароҷот гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари оилаҳо гардида буд. Дар натиҷаи ин амалҳо оилаҳои зиёд пош хӯрда, фарзандон аз мактаб, саводу маънавиёт дур шуданд, ки ин, албатта, ба зиндагии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонид. Ба шарофати қабул ва татбиқи ин қонуни мардумӣ хароҷоти беҳуда пешгирӣ гардида,  буҷети оилаҳо барои дигар масъалаҳои муҳими зиндагӣ равона карда мешаванд. Ҳоло сокинони мамлакат хуб дарк менамоянд, ки фарзандонашон бояд соҳибмаълумот бошанд, касбу ҳунар омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, аз илму технологияи муосир бохабар бошанд, яъне мутахассисони ба талаботи бозор ҷавобгӯ бошанд. Маблағҳои дар натиҷаи сарфакорӣ ба дастомадаро падару модар акнун барои ояндаи фарзандон сарф карда истодаанд. Дар  пешгирии хароҷоти беҳуда ва муътадил нигоҳ доштани буҷети оила нақши занон, ки сарфаю сариштакорӣ табиати хоси онҳо аст, басе назаррас мебошад.

АМИТ «Ховар»: Қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти волидайн, аз ҷумла модаронро дар самти таълиму тарбияи фарзандон баланд намуд. Нигоҳи Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?

Шаҳноз Исмоилова: Мо дар айни замон шоҳиди онем, ки амалӣ гардидани ин қонуни миллӣ натиҷаву самараи хубу умедбахш дода истодааст. Тарбияи наврасону ҷавонон дар шароити пурпечутоби ҷаҳонишавӣ, ки дар он рушди босуръати илму технологияи муосир ва ҳамзамон омезиши арзишҳои милливу умумибашарӣ дида мешавад,  имрӯз ба тарбияи насли наврас ба таври мусбату манфӣ таъсир мерасонад ва ин  яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа арзёбӣ мегардад.  Масъалаи аз маънавиёт дур шудани ҷавонон  ва  сониян,  тарбияи фарзандони ватандӯст, худогоҳу худшинос, дорои ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ бе ҳамкории доимии падару модарон бо мактаб ва ҷомеа ва масъулияти баробарро ҳис намудани онҳо  дар  тарбияи инсони комил, яъне насле, ки ояндаи давлату миллат мебошад, нақши ниҳоят ҳалкунанда дорад.  Модарон, ки рисолати азалиашон тарбияи фарзандон аст,  дар ин самт масъулияти ниҳоят баландро бар дӯш доранд.  Модарон бояд дар самти тарбияи фарзандон аз анъанаҳои хуби гузаштагонамон истифода баранд, онҳоро соҳибмаълумоту соҳибкасб намоянд ва ба  роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят созанд. Мо, модарон бояд дар қалби фарзандонамон меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан-Модар, ҳисси баланди миллӣ ва масъулияти соҳибватаниро ҷой намоем.

Ман таманнои онро дорам, ки модарон ҳамеша саломату хушбахт  ва хонаободу сарбаланд бошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Амонатбонк»

Март 7, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9546 то 10.9800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад