Дар Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бозори «20 ‐ солагии Истиқлолият» фурӯши чорвою паранда доир мегардад. Ин нукта дар ҷаласаи назди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарияти вилоят масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои наврӯзӣ вазифадор намуд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки 23 март Наврӯзи вилоятӣ дар Боғи фарҳангӣ ‐ фароғатии шаҳри Хоруғ ва гӯштини миллӣ 24 март дар варзишгоҳи марказӣ доир карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






