Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд

Март 5, 2023 14:28

СУҒД, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам.

Боғи фарҳангии фароғатии «Ҷавонон» дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда, тамоми таҷҳизоти фароғатии он, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, аз кор бозмонда буд.

Боғи «Ҷавонон» дар масоҳати 2,3 гектар бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он​ 3 млн сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари​ навсозию барқароркунӣ ҶДММ «Комрон-обод»мебошад.​

Зимни боздиди роҳбарияти шаҳри Истаравшан аз ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии боғ ба масъулин барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дода шуда, ба таври рамзӣ ниҳоли ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд

Инчунин роҳбарияти шаҳри Истаравшан бо корҳои сохтмонӣ дар бинои қасри фарҳанг шинос шуд. Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хонаи истироҳатию таълимӣ» сохтмони бинои қасри фарҳанг бо маром идома дорад. Фармоишгар​ Идораи​ сохтмони асосии вилояти Суғд буда,​ лоиҳаи иншоотро​ ҶСК «Бунёдгари Суғдзамин» таҳия кардааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Март 5, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд