Дар Братислава нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Словакия доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Словакия дар нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия, ки дар шаҳри Братислава доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар анҷуман намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду давлат, инчунин доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Словакия, ки дар соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ ва фармасевтӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Муаррифии имконияти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳар ду давлат, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия арзёбӣ гардид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






