Дар Душанбе масоили тақвияти ҳамкорӣ вобаста ба рушди соҳаи заминсозӣ ва бақайдгирӣ баррасӣ гардид

Март 4, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ вобаста ба рушди соҳаи заминсозӣ ва бақайдгирӣ дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори Агентии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи директори Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад.

Ҷонибҳо омодагии худро бобати тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» баён намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаи боз ҳам мустаҳкам намудани заминаи техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» баррасӣ шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории барои ҷонибҳо мутақобилан судманд минбаъд низ тавсеа меёбад.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд