Дар Эстония интихоботи парлумонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар интихоботи парлумонии Эстония (Рийгикогу) Ҳизби ҳокими ислоҳоти марказгароии рости Сарвазир Кай Каллас пирӯз шуд. Дар интихобот зиёда аз 63% аҳолӣ иштирок доштанд. Дар ин хусус АМИТ«Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.
Пас аз ҳисобкунии 100 дарсади овозҳо Ҳизби ислоҳот 31,2 дарсад раъй гирифта, аз Ҳизби муҳофизакори мардумии Эстония, ки бо 16,1 дарсади овоз дар ҷойи дуюм қарор гирифт, тақрибан ду баробар пеш гузашт. Баъд аз он Ҳизби марказӣ (15,3%), либералии 200 (13,3%), Ҳизби сотсиал-демократӣ (9,3%) ва муҳофизакори миллӣ Isamaa (8,2%) мебошанд. Ҳизбҳои боқимонда натавонистанд ҳадди панҷфоизаро убур кунанд.
Дар интихоботи парлумонии Эстония иштироки фаъоли интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, тақрибан 615 ҳазор нафар овоз доданд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






