Дар Хатлон занони фаъоли соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуданд
ХАТЛОН, 06.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои фаъолзанони соҳаи маориф барномаи муштараки фарҳангии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон баргузор карда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар барнома сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода дар бораи мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии занон дар соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу таъкидҳои Пешвои миллат оид ба муҳайё намудани шароиту имконияти мувофиқ барои кору таҳсили занону ҷавондухтарон изҳори назар кард. Мавсуф илова намуд, ки шумораи зиёди кормандони соҳаи маорифро занону духтарон ташкил дода, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муассир доранд.
Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон Муҳиддин Ширинзода дар хусуси ҳимояи ҳуқуқи кормандон, бахусус занон аз тарафи иттифоқҳои касаба сухан гуфт.
Дар ин раванд чанд зани муваффақ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони пешқадам дар хусуси дастгирию ҳавасмандгардониҳо нисбат ба занон табодули афкор намуданд.
Қисмати дигари ҳамоишро қадрдонии занони пешсафи соҳа, ғолибони озмунҳо ва занони собиқадору намунавии соҳаи маориф ташкил дод. Ҳамзамон ғолибони мусобиқаи волейбол байни дастаҳои духтарони шаҳру ноҳияҳо бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи муштарак ҳавасманд карда шуданд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






