Дар Хатлон занони фаъоли соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуданд

Март 6, 2023 16:29

 ХАТЛОН, 06.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои фаъолзанони соҳаи маориф барномаи муштараки фарҳангии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон баргузор карда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар барнома сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода дар бораи мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии занон дар соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу таъкидҳои Пешвои миллат оид ба муҳайё намудани шароиту имконияти мувофиқ барои кору таҳсили занону ҷавондухтарон изҳори назар кард. Мавсуф илова намуд, ки шумораи зиёди кормандони соҳаи маорифро занону духтарон ташкил дода,  дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муассир доранд.

Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон Муҳиддин Ширинзода дар хусуси ҳимояи ҳуқуқи кормандон, бахусус занон аз тарафи иттифоқҳои касаба сухан гуфт.

Дар ин раванд чанд зани муваффақ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони пешқадам дар хусуси дастгирию ҳавасмандгардониҳо нисбат ба занон табодули афкор намуданд.

Қисмати дигари ҳамоишро қадрдонии занони пешсафи соҳа, ғолибони озмунҳо ва занони собиқадору намунавии соҳаи маориф ташкил дод. Ҳамзамон ғолибони мусобиқаи волейбол байни дастаҳои духтарони шаҳру ноҳияҳо бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи муштарак ҳавасманд карда шуданд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Март 6, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд