Дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом кишти чигит оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша рамзи рӯзи нав, оғози кишту кор ва пайванди инсону табиат буда, бо фарорасии баҳор мардум донаи умед ба хок мепошад. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз кишоварзони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба кишти чигит оғоз бахшида, бо руҳияи болида ба корҳои саҳроӣ шуруъ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Роҳбарияти вилояти Суғд дар хоҷагии деҳқонии «Дурахшон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва хоҷагии деҳқонии ба номи «Маҳкамов»-и Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр ба кишти пунбадона оғоз бахшид.
Дар суҳбат бо кишоварзон роҳбари вилоят фарорасии Наврӯзи фаррухпайро табрик гуфта, иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун падидаи беназири фарҳангӣ ҳамеша мардумро ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намудааст.
Ҳамзамон ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, кишти зироат, аз ҷумла пахтаро дар вақти муайяншуда ба анҷом расонанд.
Дар Конибодом имсол дар масоҳати 5600 гектар чигит кишт гардида, хоҷагидорон тасмим гирифтаанд ҳосили хуб ба даст оранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






