Дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом кишти чигит оғоз ёфт

Март 20, 2023 19:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша рамзи рӯзи нав, оғози кишту кор ва пайванди инсону табиат буда, бо фарорасии баҳор мардум донаи умед ба хок мепошад. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз кишоварзони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба кишти чигит  оғоз бахшида, бо руҳияи болида ба корҳои саҳроӣ шуруъ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳбарияти вилояти Суғд дар хоҷагии деҳқонии «Дурахшон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва хоҷагии деҳқонии ба номи «Маҳкамов»-и Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр ба кишти пунбадона оғоз бахшид.

Дар суҳбат бо кишоварзон роҳбари вилоят фарорасии Наврӯзи фаррухпайро табрик гуфта, иброз намуд, ки​ Наврӯз ҳамчун падидаи беназири фарҳангӣ ҳамеша мардумро ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намудааст.

Ҳамзамон ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, кишти зироат, аз ҷумла пахтаро дар вақти муайяншуда ба анҷом расонанд.

Дар Конибодом имсол дар масоҳати 5600 гектар чигит кишт гардида, хоҷагидорон тасмим гирифтаанд ҳосили хуб ба даст оранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Март 20, 2023 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд