Дар Хоруғ Рӯзи Модарро ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ӯ пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад.
«Мо ифтихор мекунем, ки модарони тоҷик рисолати муқаддаси хешро ҳамчун тарбиятгари фарзандони нобиғаву соҳибмаърифат, арзандаву шоистаи миллат, ватандўсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ва созандаву некрафтор чун ҳамеша имрўз низ идома мебахшанд»,- иброз дошт раиси шаҳри Хоруғ.
Таъкид карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунию давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва занону духтарони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.
Як зумра роҳбарони фаъоли идораву муассисаҳои шаҳр ва вилоят барои нишон додани натиҷаҳои баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми босазо дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи Модар бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом барномаи рангини бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокчиёни чорабаниӣ гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






