Дар Кӯлоб бо сарпарастии ширкати «Formula55» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори Амфитеатри шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор шуд. Ин мусобиқа таҳти сарпарасти ширкати букмекерии «Formula55» аввалин маротиба ташкил ва доир гардида, дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгар, аз ҷумла духтарон низ ҳунарнамоии ҷолиб нишон доданд. Дар қувваозмоиҳо беҳтарин паҳлавонони вилояти Хатлон, аз ҷумла чемпиони Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазни 66 кг ва ғолиби як қатор мусобиқаҳои гӯштингирӣ Баҳром Суфиев низ иштирок намуда, бар як чанд рақиби худ ғолиб омад.
Ба ғолибон ва беҳтарин паҳлавонон мукофоти пӯлӣ ва туҳфаҳои хотиравии ширкати «Formula55» тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати «Formula55» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз сарпарастии як қатор ҷорабиниҳои варзиширо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба дӯш гирифта, дар баргузории онҳо саҳм мегузорад.
АКС: Ширкати «Formula55»














Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






