Дар Кӯлоб бо сарпарастии ширкати «Formula55» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид

Март 24, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори Амфитеатри шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор шуд. Ин мусобиқа таҳти сарпарасти ширкати букмекерии «Formula55» аввалин маротиба ташкил ва доир гардида, дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгар, аз ҷумла духтарон низ ҳунарнамоии ҷолиб нишон доданд. Дар қувваозмоиҳо беҳтарин паҳлавонони вилояти Хатлон, аз ҷумла чемпиони Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазни 66 кг ва ғолиби як қатор мусобиқаҳои гӯштингирӣ Баҳром Суфиев низ иштирок намуда, бар як чанд рақиби худ ғолиб омад.

Ба ғолибон ва беҳтарин паҳлавонон мукофоти пӯлӣ ва туҳфаҳои хотиравии ширкати «Formula55» тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати «Formula55» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз сарпарастии як қатор ҷорабиниҳои варзиширо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба дӯш гирифта, дар баргузории онҳо саҳм мегузорад.

АКС: Ширкати «Formula55»

Март 24, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд