Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир шуд

Март 20, 2023 16:54

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо ташаббуси Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и марказ оид ба баланд бардоштани савияи дониши мактаббачаҳо вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатънома қабул гардид, ташкил карда шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ин яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб рафта, дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии пешниҳоди ташаббусҳои беназир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои байналмилалии ҳифзи пиряхҳо- наҷоти инсоният ва ҳамзамон баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти ҷумҳурӣ аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфт.

Хонандагон бо фаъолият ва кори Маркази омӯзиши пиряхҳо аз наздик шинос шуда, сипас филми «Саёҳат ба Антарктида»-ро доир аввалин шахсе, ки Парчами Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохт, тамошо намуданд.

Бо хонандагон оид ба тавсифи умумии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, доир ба ин масъалаҳо викторина гузаронида шуд ва ҳамаи иштирокчиён дар он фаъолона иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Анҷумани «Занони пиряхшинос» дар Маркази омӯзиши пиряхҳо соли 2018 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани нақши занон дар омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии анҷуман- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар таҳқиқоти илмӣ ва бунёдии омӯзиши пиряхҳо, ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани дониш ва малакаи занон оид ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ, ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ оид ба самти омӯзиши пиряхҳо ва аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нашр кардани китоб, монография ва маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ мебошад.

Ҳоло дар тамоми ҷаҳон гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин хотир, муҳаққиқон ва олимон талош доранд, то роҳи муҳофизати онҳоро пайдо намоянд. Мунтазам анҷом додани экспедитсияҳои илмӣ-омӯзишӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо аз тарафи кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳо ва ба таври куллӣ бо иштироки занон мавриди пажӯҳиш қарор додани пиряхҳо ба манфиати кор аст.

Ассотсиатсияи «Занони пиряхшинос» дар баробари мардон дар экспедитсияҳои байналмилалию дохили ҷумҳурӣ иштирок дорад.

Тибқи нақшаи кории марказ, соли 2022 12 экспедитсияи илмӣ- омӯзишӣ гузаронида шуд, ки 4 маротибаи он бо иштироки занон доир гардидааст. Мақсади он ба даст овардани маълумот доир ба ҳолати пиряхҳо, қабати барф, миқдори изотопҳо ва дигар микроэлементҳо буд.

Аз аввали соли 2023 аллакай 2 маротиба занон дар экспедитсияҳои илмӣ — омӯзишӣ иштирок намуданд. Зимни он ҳолати қабати барф, фаромадани тармаҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани об ва дигар микроэлементҳои химиявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 20, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд