Дар Москва ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Март 19, 2023 16:23

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Москва  ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гирдид, ки дар он Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода намояндагӣ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор баргузор гардида, лоиҳаҳои санадҳое, ки ба  таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расонида шуданд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2023 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд